ХАБАРҲО

2018-10-18: Семинар дар мавзӯи “Рушди инфрасохтори сифат тавассути муколама бо соҳибкорон”

Имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт дар доираи лоињаи «Дастгирии рушди инфрасохтори сифат барои давлатњои Осиёи Марказї»-и Институти физикї-техникии Олмон (РТВ) семинар дар мавзӯи “Рушди инфрасохтори сифат тавассути муколама бо соҳибкорон” бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони ватанӣ, намояндагони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур аз тарафи мутахассисони Агентӣ презентатсияҳо оид ба метрология ва нақши он дар савдои ҷаҳонӣ, нақши истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда дар масъалаҳои рушди инфрасохтори сифат ва зарурати сармоягузорӣ барои калибровкаи таҷҳизоти озмоишгоҳҳои фабрикаву сехҳои истеҳсолкунанда пешниҳод гардид.

Ҳамчунин ҷонибҳо рољеъ ба масоили марбут ба пешрафти истеҳсолоти ватанӣ ва тиҷорат изњори назар намуданд. Дар навбати худ  соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ  таклифу пешниҳодҳои худро нисбати масъалаи мазкур иброз намуданд.