ХАБАРҲО

2018-10-12: Баррасии фаъолияти Агентї дар нуњ моњи соли 2018

10 октябр дар Агентии Тољикстандарт љаласаи мушовараи љамъбасти фаъолияти Агентї дар нуњ моњи соли 2018 доир гардид. Дар љаласаи мушовара намояндаи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон - Амирзода Мањмуд Њомид, роњбарони Марказњои вилоятию минтаќавии Агентї ва масъулини соња ширкат намуданд.

Тибќи рўзномаи љаласа сараввал сардорони раёсату шуъбањо дар алоњидагї њисобот дода, масъалањои њалталаб, иљрои наќшањо ва мушкилоти соња мавриди тањлилу баррасии амиќ ќарор дода шуд.

Дар раванди баррасии њисоботњо дар самти иљрои супоришу наќша- чорабинињо бо маќсади баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии мањсулоти ватанї, дар ин замина дастгирии соњибкорї дар соњаи истењсолї, дар сатњи баланд гузаронидани озмуни “Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон”, њифзи бозори истеъмолї аз воридоти молу мањсулоти пастсифат, њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, љорї намудани низоми идоракунии сифат тибќи стандартњои байналмилалї дар корхонањои ватанї, ба танзим даровардани фаъолияти марказњои зерсохтор, истифодаи сарфакоронаи маблаѓњо, љобаљогузории њайати кадрї ва дигар масоили марбут аз љониби роњбарият ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Сипас, намояндаи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон аз фаъолияти Агентї дар ин давра натиљагирї намуда, оид ба иљрои сариваќтии дастуру супоришњои Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти њимояи бозори истеъмолї, дастгирии истењсолоти ватанї, ба роњ мондани корњои ободонї ва дигар самтњои фаъолият супоришњои дахлдор дод.

Дар фарљом директори Агентї оид ба пешбурди фаъолияти минбаъдаи соња дар давоми соли 2018 барои иљрои сариваќтии дастуру супоришњои Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон, Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар самтњои фаъолият, њамчунин љињати бо њисси баланди масъулиятшиносї ва нангу номуси ватандорї, содиқона ва бо амалњои неки созанда сањм гузоштан дар рушди минбаъдаи иљтимоиву иќтисодии мамлакат ва њамчунин бо дастовардњои шоён пешвоз гирифтани љашни  30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро ба кормандон таъкид намуд.