ХАБАРҲО

2018-10-05: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ

Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки меҳмонон ва доираи васеи кормандон чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Ашурзода Суҳроб ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ табрику муборакбод намуда, доир ба нақши забони тоҷикӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи амалии талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози назар намуд.

Дар рафти чорабинӣ устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Камолидинов Баҳридин оид ба таърих, ташаккул ва гиромидошти забони тоҷикӣ маърузаи пурмуҳтавое намуда, ҳамзамон қайд кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ имрўз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст. Рўзи забони давлатӣ дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои кишвари азизамон қарор дорад. Мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Дар охир қайд гардид, ки ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад. Бинобар ин, зарур аст, ки забони модариамонро поку беолоиш нигоҳ дорем ва нагузорем, ки аз масирҳо ва ҷараёнҳои ғалат нопокиҳое ба дарёи софу покизаи забони тоҷикӣ ворид шаванд ва ин лафзи шевову мубарроро тираву олуда кунанд.