ХАБАРҲО
2018-09-27: Баррасии фурўши электронии стандартњо
26- 27 сентябр дар Агентии Тољикстандарт дар мавзўи системаи минтаќавии иттилоониї ва «Фурўши электронии стандартњои е-sale» cеминар доир гардид. Баъд аз сухани ифтитоњии роњбарият сардори шуъбаи технологияњои иттилотии КазИнСТ КТРМРК Алексей Борон системаи мазкурро ба кормандони Агентї ва соњибкорони ватанї, ки дар рафти семинар ширкат доштанд, муаррифї намуд. Системаи «Фењристсозї» ва «Фурўши электронии стандартњои е-sale» тавассути барномаи GIZ «Соддагардонии раванди тиљорат дар Осиёи Марказї» ба њозирин муаррифї карда шуд. Тавре дар баромадњо баён гардид, њар як соњибкор имкон дорад аз ин системаи электронї самаранок истифода бурда, тиљорати худро љавобгу ба стандартњои миллии кишварњои Осиёи Марказї ба роњ монад. Системаи мазкур кори соњибкоронро осон гардонида, њар кадом метавонад тариќи интернет бо стандартњо ва рафти њуљљатгузории кишварњои њамсоя шинос гарданд ва инчунин стандарти онњоро харидорї намоянд. Истифода аз ин система ба соњибкорон имконоти васеъро барои сарфакорї, раќобатпазирии молу мањсулот дар миёни кишварњои Осиёи Марказї, таъмини шафофият њангоми гузаштан аз нуќтањои гумрукї, ки бо технологияи замонавии санљишї муљањњазанд, пешгирии њолатњои коррупсионї њангоми интиќоли бор ва баланд бардоштани таљрибаи тиљоратии онњо фароњам меорад.
Дар рафти семинар иштирокчиён оид ба истифодаи система ва њамкорї бо кишварњои Ўзбекистон, Ќазоќистон ва Ќирѓизистон суолњо дода, барои худ маълумоти кофї гирифтанд.