ХАБАРҲО
2018-09-21: Имкониятњои нав барои содироти мевањои хушк
Санаи 11-13 сентябр дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон бо сарпарастии Љамъияти Олмонї оид ба њамкорињои байналмилалї дар Тољикистон (GIZ) ва љалби экспертњои байналмилалї семинари минтақавӣ дар мавзўи “Таъмини сифат бо маќсади тиљорати устувори меваю сабзавот, донагињо ва наќши стандартњои байналмилалї дар раќобатпазирии мањсулот” доир гардид. Дар кори семинар мутахассисони Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ - Бобозода Бањром ва Бозоров Алишер иштирок доштанд.
Бояд ќайд кард, ки Љумњурии Тољикистон аз соли 1994 аъзои Комиссияи Иќтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттањид мањсуб меёбад ва стандартњои он барои меваю сабзавоти тару тоза ва мањсулоти хушки онњо дар савдои байналмилалии байни давлатњои аъзо татбиќ карда мешаванд.
Давоми чанд сол аст, ки Агентии Тољикстандарт бо Камиссияи Иќтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттањид (UNECE) љињати истифодабарии стандартњои кишоварзии сифат дар регламентњои техникї ва истифодаи стандартњо дар савдои байналмилалї хамкорї дорад.
Дар рафти кори семинар мавзӯъњои зерин мавриди омӯзиш ва муњокима ќарор гирифтанд:
- тадбирњо оид ба мутобиќгардонии стандартњои байналмилалї дар кишварњои Осиёи Марказї (Тољикистон, Ўзбекистон, Ќирѓизистон ва Ќазоќистон);
- сифат ва устувории мањсулоти кишоварзї дар савдо (чї, дар куљо, ба чї сабаб ва чї тавр) Комиссияи иќтисодии аврупоии СММ наќш ва бењтаркардани сифати мањсулотњои кишоварзї;
- њамоњангсозии стандартњои байналмилалї бо стандартњои миллї;
- ба таври дуруст наздик шудан барои назорати сифат дар кишварњои Аврупо.
Дар њамоиш оид ба иљрои талаботи стандартњои байналмилали Комиссияи иќтисодии аврупоии СММ - GLOBAL G.A.P, барои содироти меваю сабзавоти тару тоза ва самаранокии боѓњои интенсивї, истифодаи нурињои минералї ва зањрхимикатњо дар ваќти парвариши меваю сабзавот, роњњои интиќоли мањсулоти зикршуда ба бозорњои Аврупо, меъёрњои муайяншуда аз тарафи ташкилотњои стандартонии давлатњои Аврупо, ба монанди пестисидњо, микроорганизмњо, элементњои вазнин намуди зоњирии мањсулот, ченаки меваю сабзавот, тамѓагузории мањсулот, талабот нисбати борљомањои меваю сабзавот, тарзу усулњои борљоманамоии меваю сабзавот аз рўи талаботи стандартњои Комиссияи иќтисодии аврупоии СММ, њамчунин оиди корњои инспексионї ва баќайдгирии мањсулоти содиротшаванда, аз љумла донагињо ва меваи хушк тибќи стандартњои Комиссияи иќтисодии аврупоии СММ, DDP-15 (зардолуи хушк), DDP-16 (Себи хушк), DDP-07 (Олуи хушк) ва DDP-02 (Чормаѓз) барои содироти меваи хушк ва донагињо ба бозорњои Аврупо суханронї намуданд.
Дар рўзи дуюми семинар намояндаи Љумњурии Туркия оид ба таљрибаи пешрафтаи изњори аќида намуда, аз љумла, тарзи гирифти намуна, миќдори намуна, калибри он, ба навъњо људо намудани мањсулот, вайроншавї ва тарзи нигоњдории мањсулот, усули интиќол, борљома, тамѓагузорї ва гузаронидани ташхисро ќайд карданд. Њамзамон аз тарафи экспертњои байналмилалї тренинг гузаронида шуда, аз љониби онњо намунањои мањсулоти помидор, харбуза, зардолуи хушк, мавиз ва чормаѓз ба гурўњњо таќсим шуда, барои муайян кардани сифати он ба иштирокчиён пешнињод карда шуд. Дар муњокимаи масъалањо инчунин намояндагони љумњурињои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзида, мутахассисони Агентии Тољикстандарт низ дар баррасии масъалањо фаъолона иштирок намуданд.
Дар рўзи сеюми семинар тибќи барномаи тасдиќшуда иштирокчиён бо фаъолияти корхонањои коркарди меваю сабзавот ва меваи хушки Љумњурии Ўзбекистон шинос шуданд ва бо њамроњии иштирокчиёни семинар ва экспертњои байналмилалї аз корхонаи ТОО “Агро Фуд” ва анбори гумрукии нигоњдории ангур ва себи содиротшавандаи шањри Тошкент боздид намуданд.
Ќайд кардан ба маврид аст, ки фаъолияти корхонаи ТОО “Агро Фуд” ба коркарди иловагињои хушки сабзавотї, аз љумла, ќаланфури булѓорї, карами сурх, лиму ва себи хушк нигаронида шудааст. Њангоми шиносої аз раванди истењсолот маълум гардид, ки мањсулоти истењсолшаванда бо истифодаи таљњизоти муосири олмонї коркард шуда, корхона тибќи талаботи стандартњои байналмилалии ИСО ва низоми HACСP фаъолият менамояд. Мањсулоти истењсолшудаи корхона ба кишварњои Олмон ва Полша содирот мешавад.
Њамзамон иштирокчиён дар анбори гумрукии нигоњдории ангур ва себи содиротшавандаи шањри Тошкент бо усули борљомакунї ва тамѓагузории намуди ангури тоза ва себ шинос шуданд. Мевањои ангур ва себ дар борљомањои чўбин (бо вазни 20кг) бо ќоѓазњои махсус барои таѓйир наёфтани сифат ва пакети полиэтиленї рўйпуш карда шудаанд.
Баъди бозгашт аз корхонањои истењсолї барои ба анљом расонидани семинар бо муњокимаи фикру пешнињодњо оид ба бењтар намудани сифати меваю сабзавот ва донагињо табодули афкор сурат гирифт.
Дар анљоми кори семинар аз љониби коршиноси байналмилалї Лилиана Анновази Љакаб ба иштирокчиёни семинар сертификатњо супорида шуд.
Бо натиљагирї аз табодули таљриба чунин хулосабарорї карда мешавад, ки мутобиќгардонии стандартњои Комиссияи иќтисодии аврупоии СММ дар Љумњурии Тољикистон имкон медињад, ки меваю сабзавот ва донагињо ба бозорњои Аврупо бе монеа содирот карда шаванд. Инчунин таќвият додани њамкорї бо содироткунандагони мањсулоти кишоварзї, аз байн бурдани монеањои техникї барои баланд шудани сифат ва раќобатпазири мањсулот мусоидат мекунад.
Таљрибаи омўхтаи мутахассисон дар кори семинари мазкур минбаъд барои рушди соњањои стандартизатсия, кишоварзї ва иќтисодиёти Љумњурии Тољикистон мусоидат намуда барои истењсол ва содироти меваю сабзавот ва донагињо дар бозорњои Аврупо замина мегузорад.