ХАБАРҲО

2018-09-21: Тарбияти дуруст ва тањкими њувияти миллї - хилофи сиёсати ифротгарої

 

Кунун замоне расидааст, ки њама бо њам дар њошияи тавњиду њамбастагї, бо шукргузорї аз миллати озод, давлати соњибистиќлолу њуќуќбунёд ва дунявию  демократї, сарзамини бињиштосо ва Пешвои сулњпарвару адолатпеша Истиќлолияти давлатї ва сулњу вањдатеро, ки бо талошу зањматњои беандоза ва талафоту хисороти бешумор ба даст омадааст, њифз намоем, дар нињоди насли љавони миллат бањри накуї, поквиљдонї ва садоќату  ватандўстї базри асолати миллї парварем ва њаргиз иљозат надињем, ки нохалафе марзи номусу нанги њазорсолаи моро бо даъвоњои пучу иѓвобарангезона рахна намояд.

 

Дар њама давру замон бо баробари рушду такомули љомеаи шањрвандї гуруњњои манфиатљўе низ зуњур менамоянд, ки тавассути афкори хароб ва амалњои зишт боиси изтиробу нороњатии мардум гардида, ба пешрафту тараќќиёти миллату давлат монеа эљод мекунанд. Падидаи мураккабу ношоистаи терроризм аз љумлаи зуњуроти номатлуби замони муосир мебошад, ки инсониятро куллан ба ташвиш овардааст. Терроризм ё худ террорист манфиатњои  миллию давлатиро  сарфи назар намуда, аз сохти давлатии динию мазњабї  њимоят мекунад, аммо дар асл дар ќабои дине ё мазњабе хостањои худ ва хољагонашро бароварда менамояд.

Мавриди зикр аст, ки ягон миллат намехохад, ки намояндаи ў ба  бадномию бадкирдорию беномусї ангуштнамои дањр гардад. Ягон Ватан намехоњад, ки дар ивази оби поку њавои анбаромезу хоки зархезу нони њалолаш фарзандонаш даст ба носипосию номардї зананд. Ягон модари дунё намеписандад, ки дар ивази шири сафедаш писаронаш сияњкорию хоинї намоянд. Ягон дини дунё, чи зардуштиву чи буддоию чи ибронию чи насрониву чи ислом ќатлу ѓорату дањшатро ба зоти инсон, ки Офаридаи хоси Худост, раво намебинад. Мегўянд, ки чун ба љисме љон дода наметавонї, љони љондореро наситон, ки љон аз њама ќимату азиз аст ва он танњо як бор дода мешавад.

Ягон мазњаб ба рехтани хуни инсон иљозат надодааст. Дар ягон аз чањор китоби осмонии Худованд ба љуз талќини роњи росту аъмоли нек одамкушї, дањшат, торољ ва сияњкорї ситоиш карда нашудааст. Яъне ягон дини олам љонибдори террору ѓасби њокимияту талаю торољ нест.

Бешак, вазъи кунунии бисёре аз давлатњои мазњабї мушаххас аст. Мардумонаш  аз дасти ќатлу куштору  ѓорат ба дод омадаанду дар пайи фирор аз ватан то нафасњои вопасин ба кишварњои амн паноњ мебаранд. Тифлакони ятиммонда ва барањнаву гуруснаи кишварњои љангзада бо орзуи як лањза оѓўши гарми модар ва як пора нон тарки дунё мекунанд. Аз ин зулму берањмии террористу экстремист ва ё бо ном Давлати исломї, ки ба исломи муборак  ягон рабт надорад, кулли мардуми сайёра   огоњанд.

Пас, иллат дар куљост? Љанбаъњои ин иллат дар худи мост, дар нињоди инсонњост. Дар тарбияти нодуруст, дар кинаю бухл, рашку њасад, нафси саркаш, васвасаи шайтони лаин  аст. Решаю асл, обу гил агар поку мубарро  бошад, агар ризќу рўзї аз нони поку беолоишу мењнатї ба каф омада  бошад, агар инсон аз ангубини тарбия аз хурдї ѓизо хўрда бошад, ба сияњкорї асло даст намеёзад.

Бо назардошти вазъи имрўзаи љањон мардуми Тољикистон, махсусан, љавонону наврасонро зарур аст, зиракии сиёсии худро аз даст надињанд, ба иѓвову дасиса ва найрангу назарфиребињои гуруњњои тундрав дода нашаванд ва дар руњияи маърифату донишомўзї, ватандўстиву мењанпарастї ба пешрафту тараќќиёти кишвари мањбубамон сањмгузор бошанд.