ХАБАРҲО

2018-09-21: Дарёфти бозичаҳои пастсифат

Натиҷаи санҷиши навбатии мутахассисони шуъбаи нозироти савдои Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар якчоягӣ бо кормандони проратураи шаҳри Хуҷанд нишон дод, ки ҳоло ҳам соҳибкороне ёфт мешаванд, ки бозичаҳои пастсифат ва ғайристандартиро аз хоричи кишвар ворид намуда, онро ба фурӯш мебароранд. Дар натиҷаи санҷиши муштараки мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт ва кормандони прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар анборхонаи соҳибкор Нозим Рустамов, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Дуредгарон 18/14 ба миқдори 29361 адад бозичаҳои пастсифати бачагонаро ба маблағи умумии 26672 сомонӣ ошкор намуданд, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой буда, ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надорад ва ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бехатарии бозичаҳо”  мутобиқат намекунад. Соҳибкор мехост, ин миқдор бозичаҳоро ба дукону мағозаҳо ва базорҳо ба фурӯш барорад.

Мавриди ба зикр аст, ки ошкор намудани бозичаҳои пастсифат аввалин набуда, давоми 8 моҳи соли равон аз ҷониби мутахассисони шуъбаи нозироти савдои Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ба миқдори умумӣ 33941 адад намудҳои гуногуни бозичаҳои пастсифат ва ғайристандартӣ дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон ошкор карда шуданд, ки ба талаботҳои регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бехатарии бозичаҳо” мутобиқат намекунанд.

Дар вақти харидории бозичаҳои бачагона пеш аз ҳама ба тамғагузории он, санаи истеҳсол, муҳлати истифода, ширкат ва мамлакати истеҳсолкунанда, инчунин ба ранг, бӯй, овози бозича бояд аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Агар туҳфаи беҳтарин барои ҳар як кӯдак ин бозичаи дӯстдоштаи ӯ бошад, пас падару модарон баҳри бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдаки худ, бозичаҳои босифат ба талаботи регламенти техникӣ ҷавобгӯро интихоб намоянд ва ҳангоми харидорӣ аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро пурсон шаванд.

Баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирӣ аз воридоту фурӯши бозичахои пастсифат аз ҷониби мутахассисони шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ба ҳамаи воридкунандагон ва фурӯшандагони бозичаҳои бачагона варқаҳои иттилотӣ оид ба талаботҳои ҳатмии регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бехатарии бозичаҳои бачагона” дастрас карда шуд. Инчунин тавассути васоити ахбори омма доир ба зарари бозичаҳои кӯдаконаи ғайристандартӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам ба роҳ монда шудааст.