ХАБАРҲО
2018-09-21: Ошкор гаштани маҳсулоти пастсифати гўштї
Новобаста ба корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, ва таъкидҳои пайваста дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон то ба ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки манфиати худро аз манфиати истеъмолкунандагон боло гузошта, маҳсулоти пастсифат ва ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набударо дар ҳолатҳои ногувори ғайрисанитарӣ истеҳсол ва ба мизоҷон пешкаш менамоянд. Чунин як ҳолати ногувор ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набударо мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар ҳамкори бо кормандони Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни гузаронидани санҷиши муштарак дар назди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Муҳиддин Аминзода, хонаи 104, ки ба шаҳрванд Дадохон Авезов тааллуқ дорад ошкор намуданд.
Дар рафти санҷиши муштарак аён гардид, ки Дадохон Авезов бо аҳли оилааш бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақомоти андоз ва бе иҷозати мақомоти назоратӣ муддати зиёд аст, ки дар ҳавлии истиқоматии худ, ба истеҳсоли маҳсулоти пастсифати гӯштӣ, ки аз каллаву поча, дигар узвҳои дарунии моли калони шохдор иборат аст машғул буда, ин маҳсулотҳоро ба миқдори зиёд дар шароити ғайрисанитарӣ тайёр ва нигоҳдорӣ карда, барои омода кардани хӯрокҳои гуногун ба хусус самбӯсаву сихкабоб ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе мефирестодааст.
Дар рафти санҷиш ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулоти гӯштӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкор пешниҳод нагардид.
Тарзи омода кардани гӯшт, ҳолати нигоҳдории маҳсулотҳои гӯштӣ ба талаботи санитарӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ умуман ҷавобгӯ набуда, ҳолати воқеии ин манзара хеле ташвишовар буда, тарзи нигоҳдорӣ ва бӯйи ғализи маҳсулотҳои гӯштӣ метавонад, сокинони атрофро ба касалиҳои сироятӣ гирифтор намуда, боиси ташвиши аҳли маҳалла ва истеъмолкунадагон гардад.
Натиҷаи санҷиши органолиптикӣ, заррабинӣ, бактериологӣ ва биологӣ дар Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд нишон дод, ки маҳсулотҳои гӯштии ошкоргардида, аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо: намуди зоҳирӣ, ранги гулобӣ ва бӯйи бегона, мавҷуд будани микрофлораҳои омехта дар мисоли кокк, диплококк, стрептококк ва бактерияҳои чубчашакл ба талаботи стандартҳо ва регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ” мутобиқат намекунад.
Дар асоси талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ” тайёр намудани каллапочаҳо, муоина, шўстан, тоза намудан ва чандиркунонӣ дар ҷойҳои алоҳида ё дар ҳуҷраҳои истеҳсолии махсусгардонидашуда, гузаронида мешавад. Аммо соҳибкор бе риояи ин талаботҳо дар анборхонаҳои ғайриистеҳсолӣ ва ғайрисанитарӣ ин маҳсулотҳоро истеҳсол ва нигоҳдорӣ намуда, ба фурӯш баровардааст.
Дар ин маврид суоле ба миён меояд, ки барои чи аҳли маҳалла фаъолон ва ҳатто ҳамсояҳо, ки дар ин кӯча зиндагӣ ба сар мебаранд аз ҳолати ногувор ва бӯйи ғализи маҳсулоти гӯштӣ дар ин хона ба ягон мақомот шикоят набурданд. Аҳли ҷамоатчигии маҳалла, масъулин ва ҳамаи шаҳрвандонро зарур аст, ки сари ин масъала андеша кунанд ва барои рафъи чунин камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо, ки ба ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон зарари ҷиддӣ мерасонад чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.