ХАБАРҲО
2018-09-21: Нобудсозии маҳсулотҳои пастсифати хӯрока
Мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ҳимояи бозори дохила аз молу маҳсулоти пастсифат дар рафти гузаронидани санҷишҳо ва назорати давлатӣ то ин давраи соли равон ба миқдори зиёда аз 15 ҳазор кг. маҳсулотҳои хӯроквории пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта, ба монанди маҳсулотҳои ширӣ ва гӯштӣ, макарон, чой, қаҳва, какао, равғани растанӣ, маҳсулотҳои қаннодӣ, консерваҳои хонагӣ дар зарфҳои пластикӣ ва ба миқдори зиёда аз 6 ҳазор литр нӯшокии пастсифати спиртиро ошкор ва аз муомилот гирифта, дар асоси қоидаҳои муайян бо иштироки комиссия нобуд намуданд. Чанде пеш тибқи нақшаи муштарак мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо кормандони Раёсати Амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар анбори ҶДММ “Ахтар Суғд” санҷиш гузаронида, маҳсулоти хӯрокаи муҳлати истеъмолиаш гузашта ва нӯшокиҳои спиртии пастсифатро, ки ба таври қочоқ аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Росия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст, ошкор намуданд.
Зимни санҷиш дар анбори ҶДММ “Ахтар Суғд” ба миқдори 6280 дона маҳсулоти чипсии “Омега”-и истеҳсоли Ҷумҳурии Белорус, 6480 дона моҳии хушкардашуда, ба миқдори 4059 литр оби ҷав истеҳсоли Федератсияи Россия ва Қазоқистон, инчунин бо дархости ҶДММ “Рӯшон” ва ҶДММ “Ганҷи воридот” маҳсулоти ғизои кӯдакона ба миқдори 1339 кг, маҳсулотҳои қаннонодӣ, майонез, кетчуп, қаҳва ва дигар маҳсулотҳои пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузаштаро ба маблағи умумии 223 ҳазору 750 сомонӣ ошкор карда, бо иштироки коммиссия дар КВД партовгоҳи шаҳри Хуҷанд ба таври ба хок омехта кардан нобуд намуданд. Маблағи умумии маҳсулотҳои пастсифат ва ғайристандартӣ дар давоми 8 моҳи соли равон зиёда ним миллион сомониро ташкил медиҳад.
Новобаста ба корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, ва таъкидҳои пайваста дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон то ба ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки манфиати худро аз манфиати истеъмолкунандагон боло гузошта, маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолиаш гузашта ва ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набударо ба фурӯш бароварда ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро зери хатар мегузоранд.
Аз ин хотир истеъмолкунандагонро зарур аст, ки баҳри эмин нигоҳ доштани саломатии худ, аз ҷумла кудакон дар вақти харидори намудани маҳсулоти ғизоӣ ва дигар молҳои ниёзи оилаи худ ба санаи истеҳсол, муҳлати истеъмоли махсулот эътибор чиддӣ диҳанд. Дар сурати дар фурӯш ҷой доштани маҳсулотҳои хӯроквории пастсифат ва мӯҳлати истеъмолиаш гузашта, шаҳрвандон метавонанд ба Агентии Тоҷикстандарт ва зерсохторҳои он муроҷиат намоянд.
.