ХАБАРҲО
2018-09-07: Дар Агентии Тоҷикстандарт бахшда ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанвӣ баргузор гардид
Имрӯз дар бинои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи кормандон ҷамъомади бошукуҳе доир гардид. Ҷамъомадро директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Далатзода Қудрат Қамбар ифтитоҳ намуда, аҳли кормандон ва кулли иштирокдорони маҷлисро ба ифтихори фархундаҷашни миллӣ, 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳозирин рӯзгори бофароғату тансиҳатии комил, барору комёбиҳои беназир ва номи неки ҷовидонаро таманно намуданд.
Ҳамзамон иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баракати Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварӣ ва иқдомҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои назаррас ва бесобиқа ноил гардидааст. Комилан аён аст, ки дар даврони истиқлол тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат босуръат рушд ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз аз рӯз хуб шуда истодааст.
Дар баробари ин сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ин солҳо дуруст ба роҳ монда шуда, дар ин замина мавқеи Тоҷикистон дар низоми сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир боз ҳам мустаҳкамтар гардидааст, ки барои амалӣ сохтани ҳадафҳои рушди кишвар мусоидат менамояд. Бояд зикр намуд, ки соли 2018 барои халқҳои бо ҳам бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли воқеан таърихӣ гардид. Ба шарофати азму иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат тамоми маҷмӯи масъалаву мушкилоте, ки дар муддати зиёда аз ду даҳсола дар байни давлатҳои мо ба вуҷуд омада буданд, ҳаллу фасл шуданд. Боиси ифтихору хурсандист, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17-18 августи соли равон ҷараён гирифт, 26 санади нави ҳамкорӣ байни ду давлати ҳамҷавор ба имзо расиданд ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандар) ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Узстандарт) яке аз онҳост ва санади мазкур ба фаъолияти пурсамари минбаъдаи кишварҳо дар самти стандартизатсия, метрология ва сертификатсия замина мегузорад.
Дар интиҳои суханронӣ директори Агентӣ таъкид ба амал оварданд, ки аз дастоварду комёбиҳои Истиқлолият бархурдор гардида, мо қарзи шаҳрвандии худ медонем, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззам, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи он ақлу дониш ва қувваи худро дареғ надорем. Ва бояд гуфт, ки ин амалро мо пеш аз ҳама бо эҳсоси масъулияти ба зиммадошта, дар назди халқу Ватанамон ба ҷо оварда метавонем.
Дар қисмати ҷамъбастӣ дар асоси фармоиши директори Агентӣ як қатор кормандони фаъол бо ифтихорнома ва ғолибони мусобиқаи варзишӣ, ки ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони Агентӣ гузаронида шуд, бо ҷоми фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.