ХАБАРҲО

2018-09-07: Истиқлолият-ангезаи сиришти маънавии миллат

Пас аз ҳазор соли бедавлатию маҳрумият, ноумедию хорию зиллат миллати тоҷик боз соҳиби давлати мустақили худ шуд. Тољикистони азиятдида Истиқлоляти комили давлатӣ ба даст овард. Инак 27 сол аст, ки халқи тоҷик бо эҳсоси ифтихору ғурур тантанаи Истиқлол, милоди амалигашти орзуҳои ҳазорсолаи худро таҷлил менамоянду дар партави он бо камоли хушнудӣ умр ба сар мебаранд.

Пас аз ҳазор соли бесарварӣ миллати тоҷикро Худо боз як лутфу меҳрубонӣ ва эъҷози дигар ато намуда, ба сарвақти тақдири ӯ мардеро мартабаи сарварӣ дод, ки мисли Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ бо дасти пок, ақли сард, дили гарм ва ғурури Рустамона ба майдон омада, пушту паноҳи миллат гашт. Маҳз бо ғайрату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати ваҳдатофари тоҷик тавонист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба унвони давлати озоду соҳибистиқлол ва мутамаддину сулҳпарвар муаррифӣ намояд.

Истиқлолият ифтихор аз соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду бофарҳанги тоҷик мебошад. Бо шарофати ин неъмати бебаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои рушдро зина ба зина тай намуда, ба дастовардҳои сазовор мушарраф гардид. Қабули Конститутсия, пурзӯр кардани иқтидори ҳарбӣ, имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ, ташкили парлумони касбӣ, сохтмони нақбҳои овозадори «Уштур», «Шаҳристон» ва «Чормағзак», бунёди НБО - ҳои Сангтуда - 1 ва 2, идомаи сохтмони НБО - и Роғун, сохтмони шоҳроҳҳои Қулма – Қайроқурум, Шоҳон – Зиғар, роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб, роҳи оҳани Кӯлоб – Қурғонтеппа, бунёди корхонаҳои зиёди истеҳсолию хизматрасонӣ ва инчунин, татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, назири ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини  амнияти озуқаворӣ  аз рушди бемайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки аз соли 2000-ум то соли 2017, дар маљмўъ, суръати рушди миёнаи њарсолаи иќтисоди мамлакат 7,1 фоизро ташкил дод. Соли 2017 маљмўи мањсулоти дохили мамлакат ба 61,1 миллиард сомонї расида,  суръати рушд ба 7,1%  баробар шуд. Дар соли 2017 музди миёнаи мењнат нисбат ба соли 2000-ум 72,9 маротиба зиёд шуд. Дар роњи иљрои стратегияи расидан ба истиќлолияти энергетикї дар соли 2017 истењсоли неруи барќ ба 18 млрд.кВт соат расонида шуда, аввалин маротиба дар таърихи соњибистиќлолии кишвар мањдудият пурра аз байн бардошта шуд ва тамоми минтаќањои љумњурї бо нерӯи барќи шабонарўзї таъмин гаштанд. Пешбинї гардидааст, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии кишварро то 45 миллиард киловатт-соат дар як сол ё қариб 3 баробар афзоиш дода, содироти нерӯи барқи аз љиҳати экологї тозаро ба кишварҳои ҳамсоя тавассути хатҳои минтақавии интиқоли он, аз љумла лоиҳаи "КАСА–1000" то 10 миллиард киловатт-соат афзун гардонем.

Дар даврони Истиќлолияти давлатї истењсоли мањсулоти кишоварзї аз 12,8 миллиард сомонии соли 1991 дар соли 2017 ба 24,6 млрд сомонї расид, ки дар ин муддат 11,8 млрд. сомонї зиёд шудааст. 

Дар соњаи рушди инфрасохтори наќлиёт ва иљрои  Стратегияи рањоии љумњурї аз бунбасти коммуникатсионї дар замони Истиќлолияти давлатї комёбињои назаррас ба даст омад. То соли 2016 дар соњаи наќлиёти кишвар 45 лоињаи давлатии сармоягузорї ба маблаѓи умумии беш аз 12 миллиард сомонї татбиќ шуда, зиёда аз 2000 километр роњњои мошингард бунёду азнавсозї гардиданд ва 190 километр хатти нави роњи оњан сохта, мавриди бањрабардорї ќарор дода шуд. Дар давоми ду соли охир барои инфрасохтори наќлиётї бо маќсади рањої аз бунбасти коммуникатсионї ва ба кишвари транзитї табдил додани Тољикистон таќрибан 3 миллиард сомонї дар доираи татбиќи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 сафарбар шудааст.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон дар Паёми имсолаашон ќайд карданд, яке аз вазифањои муњими стратегии Тољикистон дар солњои оянда  аз кишвари аграрї-индустриалї ба индустриалї-аграрї табдил додани мамлакат мебошад.

Дар давоми понздаҳ соли охир њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ќариб 3,8 маротиба афзуд. Дар муддати панљ соли охир суръати миёнаи солонаи афзоиши њаљми истењсоли мањсулоти саноатї 12,1 фоизро ташкил намуд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо дарназардошти имконияти воқеии молиявӣ тадриҷан зиёд намудани андозаи ҳадди ақал ва миёнаи музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногун мебошад. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар мамлакат дар даҳ соли охир 29 баробар ва музди миёнаи меҳнат қариб 28 баробар афзуда, он 816,2 сомониро ташкил додааст.

Аз давраи солҳои 1997 то имрӯз ҳаҷми номиналии маош тақрибан 70 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, тибқи чорабиниҳои ислоҳоти музди мењнат ҳар сол дар кишвар маош ва нафақа ба ҳисоби миёна 15–20 фоиз баланд гардида, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст. То имрўз сатњи камбизоатї дар Тољикистон аз 81 фоизи соли 1998 то 28 фоиз коњиш ёфта, дар назар аст, ки то соли 2030 ин раќам то ба 15 фоиз паст карда шавад.

Бо пешнињоди Пешвои миллат соли 2018 - “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” эълон гардид. Њукумати мамлакат дар доираи чорабинињои “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” ва таъмин намудани рушди инфрасохтори сайёњї як ќатор имтиёзњоро муќаррар намуд, ки бо истифода аз онњо дар њашт моњи соли љорї зиёда аз 40 ширкати нав ба бозори сайёњии мамлакат ворид гардид. Ҳоло шумораи ширкатҳои сайёњї дар кишвар ба 120 адад расидааст. Шумораи сайёњони хориљие, ки танњо дар панљ моњи соли равон ба кишвари мо омадаанд,  зиёда аз 900 ҳазор нафарро ташкил медињанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ќариб чор баробар зиёд мебошад.

“Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” имкон дода истодааст, ки Тољикистони зебоманзарро њазорон сайёњони хориљї дидан намоянд, кишварамон ба љањониён муаррифї шавад ва дар дохили кишвар садњо нафар соњиби љойи кор гарданд.

Сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон тайи ин солњо дуруст ба роњ монда шуда, дар ин замина мавќеи Тољикистон дар низоми сиёсию иќтисодии љањони муосир боз њам мустањкамтар гардидааст, ки барои амалї сохтани њадафњои рушди кишвар мусоидат менамояд.

Дар соли 2018 муносибатњои сиёсї ва иќтисодии мутаќобилан судманди Тољикистон бо кишварњои њамсояи Осиёи Марказї ба таври назаррас тањким ва густариш пайдо намуданд .

Боиси таъкид аст, ки соли 2018 барои халқҳои бо ҳам бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли воқеан таърихӣ гардид. Ба шарофати азму иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат тамоми маҷмӯи масъалаву мушкилоте, ки дар муддати зиёда аз ду даҳсола дар байни давлатҳои мо ба вуҷуд омада буданд, ҳаллу фасл шуданд.

Боиси хурсандист, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муњтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17-18 августи соли равон ҷараён гирифт, 26 санади нави ҳамкорӣ байни ду давлати ҳамҷавор  ба имзо расиданд.

Бидуни шакку тардид бояд иброз намоем, ки Истиқлолият дар ҳастӣ, рушду инкишоф ва тараққиёти ҳар як давлату миллат нақши тақдирсоз дошта, асоси тамоми дастовардҳо мебошад. Миллате, ки кишвари соҳибистиқлол ва сарвари сулҳофар дорад, бахтиёру музаффар аст.