ХАБАРҲО

2018-08-30: Њамкорињои Тољикстандарт бо ширкати «METTLER TOLEDO»-и Швейтсария.

Њамкорињои  Агентии  Тољикстандарт бо созмону  ширкатњои  метрологии хориљи  кишвар  мунтазам  вусъат  меёбад.

Дар доираи  чунин  њамкорињо  рўзњои 28-29 августи соли љорї      мутахассисони  ширкати «METTLER TOLEDO»-и Швейтсария ба љумњурии мо ташриф оварда, аз љумла  бо роњбарияти Агентї гуфтушунид анљом доданд. Сипас, ба рафти корњои ба сомон расонидашуда дар озмоишгоњи эталонњои вазн аз наздик шинос шуда, барои дар сатњи лозимї  бо таљњизоти  метрологї  љињозонидани  он  маслињатњои  муфид  доданд.

Бояд ќайд намуд, ки ширкати «METTLER TOLEDO»-и Швейтсария яке аз истењсолкунандагони дар љањон машњур ва бонуфузи таљњизоти аналитикї ва вазнченкунї мањсуб меёбад.

Сипас, рўзи 29 августи соли 2018 дар бинои мењмонхонаи «H Hotel Dushanbe» бо ташаббуси Агентии Тољикстандарт ва ширкати «METTLER TOLEDO»-и Швейтсария бо иштироки мутахассисони озмоишгоњњои метрологии Агентї ва хадамоти метрологии корхонањои љумњурї дар мавзўи «Таљњизоти метрологї,  вазнбаркашї ва аналитикии  METTLER TOLEDO»  семинари омўзишї  баргузор  гардид. 

Барномаи  семинар  мавзўъњои вазнбаркашї дар  озмоишгоњ ва истењсолот, санљиш ва андозагии сангњои тарозу, муайян намудани таркиби об дар намунањо, муайян намудани зичии намунањои сахт ва моеъ, спектофотометрия ва њоказоро дар гирифта буд, ки он барои  фаъолияти њамарўзаи  иштирокчиёни  семинар  хело муфид буд.