ХАБАРҲО
2018-08-30: Баррасии масъалаи сифати мањсулоти њасибї
28 августи соли 2018 дар Агентии Тољикстандарт бо маќсади ба танзим даровардани истењсоли мањсулоти њасибї, бо иштироки зиёда аз 22 нафар роњбарон ва намояндагони корхонаву сехњои истењсоли њасиб, ки дар шањри Душанбе ва навоњии атрофи он фаъолият доранд, семинар-машварат доир гардид.
Директори Агентии Тољикстандарт Давлатзода Ќ.Ќ. семинар – машваратро ифтитоњ намуда, дар бораи баланд бардоштани сифати мањсулоти њасибї ва мушкилоти муњими соња бо соњибкорон суњбати ошкоро намуд. Аз љумла, оид ба риояи талаботи стандартњо ва регламентњои техникї, меъёри истифодабарии ашёи хом ва моддањои кимиёвї (нитрати натрий) њангоми истењсол ва ба муомилот баровардани мањсулоти њасибї, дарки масъулияти ватандорї ва ба мардум пешнињод намудани мањсулоти ѓизоии босифату бехатар таъкид ба амал оварда, дар ин замина тавсия дода шуд, ки дар истењсоли њасиб асосан мањсулоти аз љињати экологї тоза ва бехатари ватанї истифода карда шавад.
Сипас, Ашўрзода С.А. – сардори раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонї оид ба пешнињоди Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон оиди истифодабарии иловагињои кимиёвї дар мањсулоти хўрокворї, сармутахассиси шуъбаи МАС Абдурањимов М., аз рўи масъалаи истифодабарии нитрити натрий њангоми истењсоли мањсулоти њасибї дар корхонањои истењсолї ва мудири бахши шуъбаи МАС Воњидзода А. оид ба талаботи Регламенти техникии Љумњурии Тољикистон дар бораи «Бехатарии гўшт ва мањсулоти гўштї» баромад намуда, мавзуи баррасишавандаро амиќтар тањлил карданд ва ба иштирокдорон пешнињодоти муфид манзур намуданд.
Њамзамон, вобаста ба маъалаи риояи њатмии принсипњои низоми байналмилалии НАССР дар фаъолияти корхонањои истењсоли мањсулоти њасибї сармутахассиси шуъбаи низоми идоракунии сифат Ќимматов Ш. изњори назар намуда, љињати бартараф намудани мушкилоти тартиби љоринамоии системаи НАССР таклифњо пешнињод кард.
Дар рафти мулоќот аз љониби роњбарияти ЉДММ «Покиза» таклиф карда шуд, ки љињати таъмини бехатарии экологї дар ќаламрави шањри Душанбе ва ноњияњои атрофи он забњхонањои замонавї сохта ва ба истифода дода шавад.
Мавриди зикр аст, ки дар ќисмати хотимавии семинар – машварат љињати баланд бардоштани сифати мањсулоти њасибї, истифодаи оќилонаи иловагињои кимиёвї ва роњ надодан ба камбудињо дар корхонањои истењсолкунандаи мањсулоти њасибї ќарори дахлдор ќабул карда шуд.
Дар охир Давлатзода Ќ.Ќ. ба њамаи соњибкорон таманниёти нек ва барору комёбї орзу карда, даъват намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сифати мањсулот ва истењсоли мањсулоти раќобатпазири ватанї кўшиш ба харљ дињанд.