ХАБАРҲО
2017-10-05: Тадбирҳо љињати содироти ватанї
Дар доираи дастгирии рушди содироти молу мањсулот, махсусан мањсулоти кишоварзї љињати ислоњи низоми сертификаткунонї барои соддагардонии расмиёт, то њадди аќал кам кардани миќдори њуљљатњо, ваќт ва харољот барои гузаштани расмиёти сертификаткунонї, содда намудани барасмиятдарории гумрукї ва гузаронидани мониторинги монеањои маъмурї ва тиљоратї њангоми содирот тадбирњои мушаххас андешида шудаанд.
Яке аз самтњои вусъат додани содироти молу мањсулоти кишоварзї ин сари ваќт ва даќиќ аз ташхис гузаронидани онњо дар озмоишгоњњо мебошад. Аз ин лињоз, Агентии Тоҷикстандарт пайваста ба масъалаи рушд ва такмили озмоишгоҳҳои худ диќќати ҷиддї медињад. Ин аст, ки озмоишгоњњои Агентӣ, бахусус, озмоишгоњњои ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоњи марказии Агентии Тољикстандарт, дар Марказњои вилоятии Тољикстандарт дар Суѓду Хатлон ба талаботи стандарти байналмилалии ИСО/МЭК 17025:2005 мутобиќ гардонида шуданд. Бо назардошти ин се озмоишгоњи ташхисии Тољикстандарт (Душанбе, Хуљанд, Ќўрѓонтеппа) аз тарафи ташкилоти олмонии «DаkKS» ва Маркази миллии аккредитатсияи Љумњурии Ќазоќистон аккредитатсия шуда, ваколати байналмилалиро соњиб гаштанд. Ин барои эътирофи ташхиси молу мањсулоти ватанї дар сатњи байналмилалї мусоидат менамояд. Љињати соддагардонии расмиёти содироти мањсулот арзиши корњои сертификаткунонии мањсулоти ѓизої кам карда шуда, барои дар муњлати камтарин ба расмият даровардани њуљљатњо ва кўтоњ намудани ваќти ташхис тадбирњои амалї андешида шудаанд.
Инчунин дар ин самт талаботи њуљљатгузорї барои гирифтани сертификати мутобиќат аз 7 номгӯй ба 3 номгӯй кам, тартиби баррасии њуљљатњои содиротию воридотї соддаю шаффоф карда шуда, ба ҳамаи зерсохторҳои Тољикстандарт фиристода шудааст. Ин ва дигар њуљљатҳои меъёрї дар сайти интернетии Агентї, дар гўшаи «Барои соњибкорон» мавҷуданд. Тамоми ташхисгоњњои мањсулоти хўрока ҳар рӯз то соати муќарраршуда кор мекунанд ва дар ин бобат барои соњибкорон монеае вуљуд надорад. Барасмиятдарории корњои сертификаткунонї барои молу мањсулоти содиротї дар давоми як рўз амалї карда мешавад.
Бо маќсади ворид гардидан ба Созмони Умумиљањонии Савдо (СУС) маркази иттилоотї дар назди Агентии Тољикстандарт доир ба масъалањои созишнома оид ба бартараф намудани монеањои техникї дар савдои байналмилалї, таъсис дода шуда буд, ки барои фаъол намудани кори он шахсони масъул таъин карда шудаанд. Айни њол, марказ дар њамкорї бо ташкилотњои байналмилалї фаъол буда, барои соњибкороне, ки ба воридоту содирот машѓул мебошанд, дар њолати зарурї оид ба низомњои муќарраргардида дар давлатњои аъзо маълумот медињад.
Љињати рушди менељменти сифат ва инфрасохтори сифати мањсулот мавриди зикр аст, ки љорї намудани низоми идоракунии сифат ва дар борљомаи мањсулоти ватанї ишора шудани стандарти байналмилалї ба раќобатпазирии мањсулот мусоидат намуда, њамзамон таваљљуњи истеъмолкунандаро њамчун мањсулоти дорои кафолати бехатарї ба худ љалб менамояд ва њангоми содироти мањсулоти ватанї ба хориљи кишвар монеањоро бартараф мекунад.
Дар ин робита мунтазам корњои омўзишї, фањмондадињї ва сертификатсионии системаи менељменти сифат дар корхонањои ватанї тибќи талаботи стандартњои байналмилалии ISO 9001:2008 “Системаи менељменти сифат”, ISO 14001:2004 “Системаи менељменти экологї”, ИСО 22000:2005- “Системаи менељменти бехатарии мањсулотњои хўрокворї”, OHSAS 18001:2007 “Системаи менељменти махсуси бехатарї ва саломатї”, низомњои “НАССР” (Тањлили хатарњо ва назорат дар нуќтањои тањдидомез), амалї гардонида шуданд.
Тибќи маълумотњо имрўз дар самти љорї намудани низомњо аз рўи талаботи стандартњои байналмилалї дар корхонањои истењсолї камбудию норасоињо аз љумла, сатњи пасти њавасмандии корхонањо барои љорї намудани стандартњо ва низомњои байналмилалї, мушкилоти маблаѓгузорї, омодагии техникї ва норасоии мутахассисон ба назар мерасанд.
Лозим ба зикр аст, ки бо назардошти рушди истењсол ва содироти меваю сабзавот дар Љумњурии Тољикистон љињати љорї намудани стандартњои байналмилалї ва минтаќавї дар асоси Ёддошти тафоњум байни Агентии Тољикстандарт ва Комиссияи аврупоии иќтисодии Созмони милали муттањид (КАИ СММ) аз љониби коршиносони Тољикстандарт ду лоињаи стандарти UNECE оид ба мевањои тару тоза (хурмо ва бињї) тањия карда шуданд ва пас аз баррасї дар љаласањои гурўњи корї оид ба стандартњои кишоварзии сифат ва дастгирии давлатњои аъзо ќабул гардиданд. Яке аз пањлуњои кори UNECE оид ба тањия ва истифодабарии стандартњо, тартиб додани брошюра њамчун замима ба стандарт ва дастурамал барои нозироне, ки мањсулоти кишоварзиро барои содироту воридот ва савдои дохилї месанљанд, ба њисоб меравад. Дар тањияи лоињаи брошюраи стандарти хурмо коршиносони Тољикстандарт сањм гузоштанд ва дар семоњаи якуми соли 2018 брошюраи мазкур ќабул мегардад ва содироткунандагон имконият пайдо менамоянд, ки хурмои тару тозаро ба Аврупо содирот намоянд.
Њамкорињо бо КАИ СММ љињати љорї намудани низоми нави назорати сифати мањсулот дар корхонањои истењсолї тибќи меъёрњои байналмилалї, истењсоли мањсулоти босифату раќобатпазир ва баланд бардоштани имконоти содиротии мамлакат мусоидат мекунанд. Инчунин ба ин восита њамоњангсозии стандартњои Тољикистон ба стандартњои байналмилалї мутобиќи талаботи Созмони умумиљањонии савдо рушд меёбад.
Аз љумла дар ин самт бо дархости ЉДММ “Баракат Исфара” аз тарафи Агентии Тољикстандарт стандартњои КАИ СММ “Себи хушк (стандарт ЕЭК ООН DDP-16), “Олуи хушк” (стандарт ЕЭК ООН DDP-07), “Зардолуи хушк” (стандарти КАИ СММ DDP-15) њамчун стандарти миллї ќабул карда шуданд ва ин амал ба корхона ва дигар содиркунандагони ин навъњои меваи хушк имконият медињад, ки мањсулоти худро бе монеа ба бозорњои Аврупо ворид намоянд.
Њамчунин, барои афзоиш додани содироти мањсулоти кишоварзии мамлакат имрўз дар доираи њамкорињо бо КАИ СММ тањия ва ќабули дигар стандартњои соњаи кишоварзї ба миён омадааст ва бо назардошти ин барои иштироки коршиносони соња дар љаласањои Комиссияи мазкур пайдо намудани сарчашмањои маблаѓгузорї зарурият дорад, то ки коршиносон дар њар як нишасти љаласањои ин комиссия иштирок намуда манфиати соњибкорони ватаниро бо маќсади содироти мањсулоти кишоварзї њимоя намоянд.
Масъалаи содироти мањсулоти кишоварзї ба кишварњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил бошад, тибќи тартиботи муќарраргардида ба роњ монда шуда, сертификати мутобиќати Агентии Тољикстандарт дар ин давлатњо эътироф мегардад ва њама гуна мањсулоти кишоварзї ба ќаламрави онњо бе монеа содир мегардад.
Воќеан имрўз ќисми асосии мањсулоти кишоварзї, ки имкони содиротиро доранд, сертификати байналмилалии сифат надоранд ва ин амал барои содироти мањсулоти кишоварзї мушкилоти зиёд эљод менамояд ва дар ин робита њамоњангї ва фаъолияти якљояи маќомоти дахлдор мувофиќи маќсад мебошад.
Аз ин лињоз, вазорату идорањои дахлдорро мебояд, ки бо назардошти тањияи стандартњои дахлдори соњаи кишоварзї пажуњишгоњњои илмиро, ки ќаблан амал менамуданд, бо љалби олимони соња фаъол намояд. Агентии Тољикстандарт низ дар доираи салоњиятњои худ омода аст бо маќомоти марбута њамкорињоро таќвият дода, барои њамоњангсозї ва ќабули стандартњои байналмилалї дар соњаи кишоварзї мусоидат намояд.