ХАБАРҲО

2018-05-01: Њангоми харидани нон чиро бояд донист?

                  Тавсия ба истеъмолкунанда

Шакли нони дар  сехњои нонпазї тайёршуда ба њама маълум аст. Аз ин хотир диќќат дињед, ки он шаклан вайрон набошад. Ќисми болоии он бояд њамвор, љилодор ва носўхта бошад. Болои нони аз орди навъњои тиратар пухташуда ранги сурх, норинљї ва норинљии баланд дорад. Болои нони аз орди сафед пухташуда зарди тиллоранг аст.  Маѓзи нон бояд чандирї (ёзанда), бидуни доначањои орди нопухта бошад ва њангоми зер кардан боз њолати пешинаи худро гирифта ба даст начаспад ва нонреза нашавад.  Бўйи нон бисёр хушу иштињоовар аст ва он набояд бўйи нохуш ё пўпанакзадаро дињад. Њамзамон нон бояд мувофиќи табъи умум намакдор, бе тамъи шўриву тезї бошад ва дар ваќти хоидан дар зери дандон доначањои бегона пайдо нашаванд.

Муњлати истифодаи нон пас аз пухта шудан, вобаста ба намуди нон ва тарзи печонида шуданаш - 24 соат, 36, 72 ё 168 соат мебошад. Муњлати истифодаи он бояд дар рўйпўши он ишора шуда бошад.

Нони сифаташ номатлубро бо хўрок истеъмол кардан мумкин нест. Чанд намуди микробњое њастанд (бемории картошкагї – маѓзи нон мулоим, часпак мешавад ва дар ваќти буридан ё пора кардан ѓоз медињад; пўпанакзада – маѓзи нон доѓњои сабзу кабуд, хокистарї ва зарди баланд пайдо мекунад), ки таркиби нонро вайрон мекунанд.

Нони гармро дар дохили халтањои полиэтиленї ва дастурхон нигоњ намедоранд, онро дар рўи рафњои чўбин ё сирдор гузошта хунук шуданашро интизор шудан лозим меояд.