Низоми идоракунии сифат

  СТАНДАРТЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СИЛСИЛАИ ИСО 9000

Мафҳумҳои асоси, татбиқшавї ва сертификатсия

  • ИСО 9000 чиро мефањмонад
  • Ин ташкилоти байналмилалї оид ба стандартонї мебошад, ки зиёда аз 100 кишвари љањон узви он мебошанд. Ҳар як кишвар новобаста аз ҳудуд дорои овози “баробар” ба њисоб меравад. Агентии Тоҷикстандарт аъзо-мухбири (аъзо-корреспонденти) Ташкилоти байналмилалї оид ба  стандартонї ба њисоб меравад.
  •  
  • Силсилаи ИСО 9000
  • Ин асоси системаи сифати ИСО 9000 дониста мешавад, ки аз чор стандарти байналмилалии пешниҳодкунандаи дастур оиди таҳия ва ҷорисозии сохтори самараноки менељменти сифат иборат аст. Новобаста аз хусусиятҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда ин стандартҳо ҳам дар доираи истеҳсолот ва ҳам дар доираи хидматгузорӣ қабул гардидаанд.
  • Низоми менељменти сифат ба фаъолияти дохили ташкилот мансуб меёбад, ки ба қонеъ намудани талаботи истеъмолкунандагон ба сифат  равона шудааст.
  •  
  • Стандартњои асосии ИСО 9000
  • ИСО 9000:2000 қоидаҳо ва мафҳумҳои менељменти сифатро муқаррар менамояд ва мундариҷаи силсилаи меёрҳоро тафсир мекунад ва рӯйхати истиллоҳот ва мафҳумҳоро барои истифодабарӣ дар ҳар гуна ташкилот медиҳад.
  •  ИСО 9001:2015 талаботро ба низоми менељменти сифат муаян мекунад.
  • ИСО 9004:2009 муқаррароти идоракунандаро барои ташкили низоми менељменти сифат тасвир мекунад, ки аз  талаботҳои ИСO 9001 аз ҳад зиёд аст ва он бо мақсади қонеъ намудани талабот ва интизорҳои истеъмолкунандагон амалӣ мешавад.
  • ИСO 19011:2011 идораи банақшагирї ва гузаронидани аудити сифатро таъмин менамояд.
  •  
  • Њадафи стандартњои низоми менељменти сифат
  • Њадафи аслии стандартҳои низоми менељменти сифат расонидани кӯмак ба ташкилотҳое мебошад, ки мехоҳанд низоми менељменти сифатро ташакулл, амалї ва идора намоянд, ки ин ба онҳо имконият медиҳад, ки талаботҳои мизоҷонро дар сурати хароҷотҳои босамар аҳлона қонеъ гардонанд.
  • Стандартњои ИСО силсилаи 9000 умумӣ мебошанд ва метавонанд, ки ба ҳар гуна ташкилот новобаста аз шакли фаъолият, ҳаҷм ва шакли ҳуқуқӣ татбиқ шавад. Дар шароити ҳозира ИСО 9000 яке аз стандартҳои маъруфи низоми менељмент дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
  •  
  • Татбиқи меёрҳои ИСО 9000
  • Қарор дар бораи татбиқи ИСО 9000 метавонад дар чунин омилҳо асос ёбад:
  • Қонеъкунии талаботҳои истеъмолкунандагоне, ки ИСО 9001 талаб мекунанд;
  • Баромад ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо;
  • Баландкунии рақобатпазири дар бозори дохилӣ ва берунӣ;
  • Ташакулли низоми сифат;
  • Камкунии аудитҳои такроршаванда  аз тарафи истеъмолкунандагони гуногун;
  • Беҳтаркунии кори таҳвилгарон.
  •  
  • Бартариятҳои асоси:
  • Васеъшавии эътироф барои меёрҳое, ки дар тамоми ҷаҳон истифода мешаванд;
  • Дастрасии байналхалқии стандартҳо бо забонҳои гуногун, ки ба васеъшавии муносибатҳо байни истеъмолкунандагони байналхалқї ва таҳвилгарон мусоидат мекунад.
  •  
  • Бартарияҳои истифодаи ИСО 9000 ҳамчун асос барои:
  • Дарки бештар ва мувофиқаи фаъолият дар соҳаи сифат дар ҳудуди тамоми ташкилот;
  • Кафолати доимии истифодабарии низоми сифат;
  • Такмилдиҳии ҳуҷҷатҳо;
  • Ташаккулёбии ҳуҷҷатгузорӣ;
  • Беҳтаркунии фаҳмиши сифат;
  • Мустаҳкамкунии боварии байниҳамдигарӣ ва муносибатҳои ташкилот ва истеъмолкунанда;
  • Пасткунии хароҷотҳо ва зиёдшавии истеҳсолот;
  • Ташкили таҳкурсӣ ва қоидаҳои беҳтаркунии фаъолият дар соҳаҳои низоми менељменти сифат.
  •  
  • Низоми менељменти сифат
  • Татбиқи стандарти ИСО 9001 ба ташкилот афзалияти воќеиеро фароњам меоварад, ки метавонад шартан ҳамин тавр  амалї шавад:
  • Ташкилотӣ;
  • Иқтисодӣ;
  • Шуњратмандї;
  • Стратегӣ.
  • Афзалияти ташкилотӣ:
  • Идоракунии доимӣ;
  • Тақсимкунии даќиќи масъулият ва ваколатҳо (салоњиятњо);
  • Амали мутақобилаи мувофиқшудаи равандҳо ва вазифаҳо;
  • Баланд бардоштани сатњи бехатарии амалњои њайати кории истењсолкунанда (мутахассисони корхона) аз њисоби дараљаи тахассусї ва соњибихтиёрї, фарњанги истењсолоти устувории амалњо, дастгоњњо, ва равандњои техникї.
  •  
  • Афзалиятҳои иқтисодӣ:
  • Дуруст истифодабарии захираҳо ва баланд бардоштани њосилнокии   меҳнат;
  • Паст намудани сатњи “истењсолоти пинҳонӣ” - хароҷотҳо барои бартарафсозии номутобиќатҳо;
  • Паст кардани талафотҳои иқтисодӣ аз њисоби истифодаи дастгоњњои вайрон, таҷњизот ва  воситаҳои ченаки корношоям ба истењсолот;
  • Кам кардани арзу шикоятњо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои ширкат вобаста ба ҳаргуна номувофиқиятҳо;
  • Васеъ намудани бозори фурўши молу мањсулот.
  •  
  • Афзалиятҳои шуњратмандї:
  • Беҳдошти шуњратмандии корхона дар назди ҳамаи тарафњои манфиатдор;
  • Ба даст овардани тарафдории истеъмолкунандагон;
  • Баланд бардоштани одоби кормандон, беҳтаркунии фазои рўњї;
  • Беҳтар намудани муносибат бо таъминкунандагони мол;
  • Эътирофи милллӣ ва байналмилалии кори ташкилот дар соҳаи сифат, тақвиятбахшии мавқеъ дар вақти иштирок дар озмунҳо оиди сифат.
  •  
  • Афзалиятҳои стратегӣ:
  • Сайќалдињии дониш ва таҷрибаи кормандон, шакливазкунии  дониш ва таҷрибаи кормандони корхона дар иқтидори зеҳнии ширкат (корхона);
  • Инкишофи дороиҳои ғайримоддӣ ва баландшавии сармояи ширкат;
  • Имконияти зиёдкунии соҳибкорӣ;
  • Омодагӣ ба азнавкунии равандҳои соҳибкорӣ.
  •  
  • Њамкорї бо шарикони хориљї:
  • Сертификати ИСО  9001 имкон фароҳам меоварад, ки корхонаву ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ ҳамкорӣ дошта бошанд, зеро мавҷудияти сертификати ИСО 9001 дар тамоми ҷаҳон ҳангоми бастани шартнома ва аҳдномаҳо таҷрибаи расмии стандартӣ ба ҳисоб меравад.
  • Ҳеҷ ягон ширкати ғарбӣ бо ташкилоту корхонае, ки аз ў мавҷудияти сертификаташро вобаста ба стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО 9000 пурсон шуда намесанҷад, шартномаи ҳамкорӣ барқарор намесозад.
  • Њамин тариќ, сертификати ИСО 9001-ин рухсатнома ба бозори љањонї дониста мешавад.
  • Корхона соњиби сертификати ИСО 9001 гардида, маблаѓ бой намедињад, балки дар наздиктарин ояндабинии инкишофи истењсолот соњиби даромади назаррас мегардад.
  • Низоми менељменти сифат – воситаи манфиатовари рушду инкишофи ширкат мегардад.
  • Бинобар ин истифодаи дурусти онро бояд пеша кард. 
  •  
  • Самаранокї
  • Самаранокии кори корхонаҳое, ки низоми сифатро татбиқ кардаанд, аз корхонаҳое, ки дар раванди кориашон онро љорї накардаанд 2-3 маротиба зиёдтар мебошад.
  • Дар натиҷаи љорї намудани низоми сифат ба ҳар як доллари гузошташуда, таъсири иқтисодӣ аз 2 то 5 долларро ташкил медињад.        
  • Арзиши бозории ташкилот воқеан ба њисоби миёна то 10 % зиёд мешавад.

 

Давраҳои татбиқи низоми менељменти сифтат

  • Давраи I
  • Гузаронидани омузиши кормандони  корхона оиди мундариҷаи талаботҳои ИСО 9001
  •  
  • Давраи II
  • Гузаронидани таҳлили равандҳо ва ҳуҷҷатҳо дар мувофиқат ба талаботҳои стандарти ИСО 9001
  • Муқоисакунӣ ва тавсифи равандҳо
  • Таҳлили сохтори ҳуҷҷатҳо
  • Ташхиси иҷрои қоидаҳои низоми менељменти сифат дар шуъбаҳои вазифавӣ ва истеҳсолӣ дар тамоми ҷузъҳои низоми менељменти сифат
  •  
  • Давраи III
  • Таҳияи лоиҳаҳои қоидаҳои ҳуҷҷаткардашуда оиди ҷузъҳои низоми менељменти сифат  (таркиби ҳуҷҷатҳо баъди иҷрои Давраи II  бо татбиқи минбаъда муайян мешавад).
  •  
  • Давраи IV
  • Таҳияи барномаи аудитҳои дохилї пеш аз сертификатсияи низоми менељменти сифат оиди мутобиқат ба талаботҳои стандарти ИСО 9001
  • Иштирок дар гузаронидани аудити дохилӣ ва барасмиятдарории натиҷаҳо, аз он ҷумла таҳияи пешниҳодҳо оиди амалиётҳои  дурусткунӣ
  • Расонидани кӯмаки методӣ дар бартарафкунии номувофиқиятҳои натиҷаи аудит
  • Расонидани кӯмак дар барасмиятдарории аризаҳо оиди сертификатсияи  низоми менељменти сифат  (бо анҷом ёфтани бартарафкунии номувофиқатҳо дар натиҷаи аудит)
  •  
  • Давраи V
  • Гузаронидани аудити берунӣ, ки мақсадаш муаянкунии омадагии ташкилот ба гирифтани сертификат мебошад
  • Гирифтани сертификат
  • Аудити назоратӣ
  • Аз нав сертификатсиякунонї  (гирифтани сертификати нав).

 

Низоми менељменти сифат  дар Љумњурии Тољикистон

Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (Тоҷикстандарт) аз соли 2007 шуъбаи низоми менељменти сифат амал менамояд, ки айни замон мутобиќи стандарти байнидавлатии ГОСТ ИСО/МЭК 17021-2013 «Баҳодиҳии мутобиқат. Талабот ба ташкилоти таъминкунандаи аудит ва сертификаткунонии системаи менељмент» њамчун Маќомоти сертификаткунонии низоми менељменти сифат дар корхонаву ташкилоти қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошад.

Тоҷикстандарт роҳнамоӣ ва мутобиқати фаъолият оид ба низоми менељменти сифатро дар қаламрави ҷумҳурӣ, ҳамчунин бақайдгирии ташкилоти мададрасони машваратӣ-методиро доир ба ҷорисозии аҳамияти менеҷмент ва таҷрибаҳои беҳтарин ба роҳ мемонад.

Барои ҷорисозӣ ва сертификаткунонии низоми идоракунии корхона ва ташкилоти ҷумҳурӣ дар сатҳи давлатӣ амалан ҳама стандартҳои муҳими байналмилалӣ истифода бурда мешаванд. Маълумоти меъёрии қабулгардида пайваста инкишоф меёбад.

Шуъбаи низоми менељменти сифати Раёсати баҳодиҳии мутобиқат дар Агентии Тоҷикстандарт аввалин мақомоти ваколатдори низоми менељменти дар Сохтори миллии тасдиқи мутобиқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар бозори хизматрасонӣ оид ба сертификаткунонии низоми менељменти аз соли 2011 инҷониб фаъолият дорад. Дар ин давра аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт зиёда аз 229 сертификати мутобиқати низоми сифат, аз ҷумла аввалин маротиба дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии зерин корхонаву ташкилотҳо пешниҳод гардидааст: ИСО силсилаҳои 9000, 14000, 22000, OHSAS 18000, НАССР.

Баќайдгирии сертификати низоми менељменти сифат  тибќи талаботи силсилаи ИСО 9000 (Формат PDF)


Стандартҳои ИСО дар Тоҷикистон

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти ваколатдор дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сертификатонї машваратҳоро оиди сертификатсияи низоми сифат дар мувофиқат ба  стандартҳои зерин мегузаронад:

  • ИСО 9001:2015 - “Низоми менељменти сифат”;
  • ИСO 14001:2004 - “Низоми менељменти экологӣ”;
  • ИСO 16001:2009 - “Низоми менељменти энергетикӣ”;
  • OHSAS 18001:2007 - “Низоми менељменти бехатарӣ ва тандурустӣ”;
  • ХАССП - “Низоми бехатарии санитарї гигиенӣ”;
  • IRIS - (International Railway Industry Standard) “Сертификатсияи низоми менељментї мувофиқи меёри роҳи оҳан”; 
  • ИСO 20000-1:2005 - “Технологияи ахбороти ва менељменти хизматрасонӣ”;
  • ИСO 13485:2003 -  Таҳҷизоти тиббӣ  -  “Низоми менељменти сифат”;
  • ИСO 22000-2005 - “Низомҳои менељменти бехатарии маҳсулоти ғизоӣ”;
  • SA 8000 - “Уҳдадории иҷтимоии ширкат”;
  • ENMS 50001 - “Идораи энергетикӣ.

Барои ҷорисозии бомуваффақият ва васеи стандарти ИСО 22000 ва НАССР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи қонунгузорӣ муњаё шуда, Қонун «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» қабул гардидааст.

Ҳадафи Қонуни мазкур ба танзим овардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар доираи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, майлу рағбати истеъмолкунандагон, муҳофизати олами ҳайвоноту наботот ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Қонуни мазкур ба фаъолият оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳагоми истеҳсол, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва ба муомилот баровардани маҳсулоти хӯрокворӣ, ҷузъу қисми он, аз ҷумла маҳсулоти парҳезӣ, ғизои кӯдакона ва иловаҳои фаъоли биологӣ татбиқ мегардад. Дастурамали Қонуни мазкур ҳамчунин ба маводҳо, маснуот, маводи борҷома ва ёрирасон, ки ба маҳсулоти хӯрокворӣ алоқамандӣ доранд татбиқ карда мешавад.

Дар банди 2, моддаи 13 Қонуни мазкур, нисбат ба ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагон, таҳвилкунандагон дар доираи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ чунин қайд карда шудааст: «Шахсони воқеї ва ҳуқуқї, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ амалї менамоянд, ўњдадоранд, ки њангоми истењсол ва ба муомилот баровардани мањсулоти хурокворї низоми тањлили хатарњо ва назорат дар нуқтаҳои назорати тањдидомез ваё дигар низоми таъмини бехатариро љорї намоянд».

Дархост оид ба гузаронидани сертификатсияи низоми менељменти сифат ва саволнома (Формат PDF)

Оиди ҷорї намудани низоми менељменти сифат ва корҳои сертификаткунонӣ Шумо метавонед ба Агентии Тоҷикстандарт ба шуъбаи низоми менељменти сифат муроҷиат намоед.

Суроға: 734018. ш. Душанбе, кўч. Н. Қарабоев 42/2, тел: 233-48-12