Шуъбаи матбуот

                              Фаъолияти шуъбаи матбуот

Шӯъбаи матбуот ҷузъи мустақили Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади мустақиман анҷом додани корҳои тарғиботию ташвиқотии Агентӣ ва зерсохторҳои дар минтақаҳо амалкунандаи он таъсис дода шудааст.

Сохтор ва шумораи кормандони Шӯъба аз рӯи ҷадвали воҳидҳои кории тасдиқнамудаи директори Агентӣ муайян мегардад.

Тибќи Низомнома шуъба якҷоя бо воҳидҳои сохтории Агентӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион маводҳоеро, ки фаъолияти Агентӣ ва амали муҳимтарин санадҳои қонунгузориро тарғибу ташвиқ мекунанд, чоп ва дар эфир пахш намуда, оид ба баромади шахсони мансабдор ва ё мутахассисони соҳа дар матбуот, радио ва телевизион таклифу маводҳо пешниҳод менамояд.

Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма тибќи наќша дар муњлати муќарраргардида нишасти матбуотӣ барпо мекунад.

Бо мақсади ҳаматарафа беҳтар намудани худогоҳии ҷомеа дар бораи сиёсати Агентӣ, фарҳанги соҳибкорон бо шабакањои гуногуни иттилоотӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо, телевизион, радио ва воситаҳои электронии ахбори оммаи дохилї ҳамкорињоро ба роњ мемонад.

  • Сардори шуъба – Мурод Ашўров
  •  тел:  (+992) 2339047, 917231021
  • E-mail: wawn_1968@mail.ru