Untitled Document
Тоҷ | Рус | Eng Асосӣ | Ирсоли нома | Харитаи сомона
Untitled Document

Телефони боварӣ

(+992 37) 233-68-69
(+992 37) 234-19-33

Таърихи пайдоиши хадамоти метрологии муосири Тоҷикистон аз соли 1926 оғоз меёбад, ки дар он сол тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод шӯъбаи тафтишотии доимии Палатаи ченакҳо ва вазнҳо ташкил карда шуда буд. Шӯъбаи мазкур то соли 1929 фаъолият намуд. Дар нимаи дуюми моҳи октябри соли 1929 тибқи Қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ маротибаи аввалин Хадамоти метрологии давлатӣ – Палатаи ченакҳо ва вазнҳо ташкил карда шуд.

Имрӯз ин қисми кӯчаки метрологӣ ба мақомоти калони давлатӣ -  Агентии доир ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдоиназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт, ки он қобилият дорад масъалаҳоро доир ба самтҳои асосии фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ доир ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия ҳал намояд.

Дар давраи фаъолияти Тоҷикстандарт заминаи моддӣ-техникии он хеле афзуд ва он имконият медиҳад, ки талаботҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар соҳаи стандартонӣ, идоракунии сифат ва таъмини бехатарии маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, корҳои озмоишӣ, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасониҳо, акредитатсияи хадамоти озмоишӣ ва метрологии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, ба қадри кифоя пурра таъмин карда шаванд.

ХАБАР

01.02.2012 Таъсиси кумитаи техникӣ оид стандартонии маҳсулоти хӯрокворӣ

20.01.2012 Натиҷаҳои санҷишҳои назоратӣ

12.01.2012 Маълумот оид ба фаъолияти Тоҷикстандарт дар соли 2011

03.10.2011 Ҳимояи бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ - самти асосии фаъолияти Тоҷикстандарт
Дар раванди ҳамкориҳои Тоҷикстандарт бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Мақомоти гумрук миқдори калони меваҷоти киви - 21500 кг, ки аз ҷониби ҶДММ “Ахтарон” ба суроғаи дидбонгоҳи гумрукии терминали шаҳри Душанбе ворид гашта буд, ошкор гардид.

06.09.2011 Тӯҳфаи Тоҷикстандарт дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолият
Дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии Тоҷикстандарт як толори боҳашамати варзиширо дар маҳаллаи Яккачинори пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

05.09.2011 Cеминари байналмилалии КАИ СММ ва Агентии Тоҷикстандарт
Аз 5 то 8 сентябри соли ҷорӣ семинари Комиссияи аврупогии иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид (КАИ СММ) дар якҷоягӣ бо Агентии Тоҷикстандарт дар мавзӯи «Истифодабарии стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодаи стандартҳо дар савдои байналмилалӣ» баргузор гардид.

07.08.2011 Мукофот муборак!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии кишварро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонид.

02.08.2011 Cанҷишҳо дар субъектҳои хоҷагидор
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2420 санҷишҳо дар субъектҳои хоҷагидор гузаронида шудаанд


Untitled Document